Buy real YouTube subscribers. Best price and warranty.
Get Free YouTube Subscribers, Views and Likes

Абдумӯъмин Шарифӣ - Зиҳи ишқ

Follow
Довфилм Dov Films Мухиддин Музаффар

Ғазали Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ “Зиҳӣ, ишқ...”
Оҳанги Иқбол Завқибеков
Дар иҷрои Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Абдумӯъмин Шарифӣ дар нақши Қаҳҳор Самадов аз филми “Дов”и коргардон Муҳиддини Музаффар, соли 2022
Порчаҳо аз саҳнаҳои гуногуни филми ҳунарии “Дов” тамошобинро бори дигар ба сайри олами рангини қиссаи дилангези филм мебарад. Ривояти ду рафиқи ҷонӣ, ки аз пайи чиз мешаванд ночиз. Як бурди мошин дар бозии лотерея ба девори дӯстони қадим рахна меафканад.
Дар нақшҳои марказии филм: Абдумӯъмин Шарифӣ, Салоҳиддин Шукурзода, Исфандиёр Ғуломов, Фирӯза Раҳмонова, Аҳмади Қутбидин, Хушрӯз Эргашев
Наворбардортаҳиягар Абдукарим Уроқов
Рассомтаҳиягар Лутфулло Неъматов
Дар вақти таҳияи клипи мазкур (18октябри соли 2024) филми ҳунарии “Дов” дар 30кинофестивалҳои байналмилалии қитъаи Осиё ва Аврупо иштирок намуда соҳиби 22 ҷоиза гардида буд.
Дар ҳошияи филми “Дов” ҳайати бунёдгузорони филм бо роҳбарии коргардон Муҳиддини Музаффар киностудияи “Довфилм”ро 11.11.2023 таъсис доданд.
Клиптаронаи мазкур ба 2юмин солгарди нахустнамоиши ҷаҳонии филми ҳунарии “Дов” ва ба якумин солгарди таъсисёбии киностудияи “Довфилм” манзури мухлисони кино мегардад.
Инак, шунавед ва тамошо кунед, суруди “Зиҳӣ, ишқ...” дар иҷрои Абдумӯъмин Шарифӣ

posted by kafumba2l